Хуш омадед

Дафтари ReadMe-и OpenOffice.org 2.0

Барои тозатарин маълумот нигаред ба www.openoffice.org/welcome/readme.html

Истифодабари азиз

Ин дафтар маълумоти муҳимро оиди ин ӣарнома дорад. Марҳамат карда ин маълумотро пеш аз оғоз кардани кор хонед.

Ҷамъияти OpenOffice.org, ки ба сохтани ин маҳсулот ӯҳдадор аст, аз шумо хоҳиш менамояд кӣ ба ин фамъият аъзо шавед. Ҳамчун аъзои нав шумо метавонед дар сайти OpenOffice.org маълумоти муфидро барои истифодабар пайдо кунед

www.openoffice.org/about_us/introduction.html

Ҳамчунин маълумоти зерро дар бораи барномаи OpenOffice.org хонед.

Эзоҳ барои васл кардан

Талабот аз система:

Мушкилии оғози OpenOffice.org (б.м. барнома беамал аст) ва ҳамчунин намуд дар экран аз сабаби корти графикии система мебошад. Агар ин ҳолат рух диҳад драйвери корти графикиатонро нав кунед. Мушкилоти намоиши объектҳои 3Ченака бо аз фаъолият боздоштани"Истифодаи OpenGL" дар 'Асбобҳо - Параметрҳо - Намоиш - Намуди 3Ч' ҳал карда мешавад.

Шумо метавонед OpenOffice.org 2.0-ро дар шафати OpenOffice.org-и версияи пешина васл кунед. Агар шумо хостед, ки версияи кӯҳнаи OpenOffice.org-ро кӯр кунед, пас шумо бояд барномаи васлкунии версияи навро оғоз карда 'Таъмир'-ро пахш кунед. Ин амал ҷӯрсозиҳои версияи навро дар системаи шумо месанҷад.
Дар хотир доред, ки нусхагирӣ ва нусхагузорӣ тавассути бағоҷи додугирифт миёни OpenOffice.org 1.x ва OpenOffice.org 2.0 дар формати OpenOffice.org мумкин аст кор накунад. Агар ин ҳодиса рух дод, 'Ислоҳкунӣ - Нусхагузории махсус'-ро интихоб кунед ва формати ғайри OpenOffice.org-ро интихоб кунед, ё ҳуҷҷатро бевосита дар OpenOffice.org 2.0 кушоед.

Санҷед, ки шумо хотираи кофӣ ва афзалияти навиштан, хондан ва иҷрокарданро дар равоқи муваққатӣ доред. Ҳамаи барномаҳоро пеш аз васлкунӣ пӯшонед.

Мушкилоти оғози барнома дар муҳити Gnome

Агар Шумо мушкилоти оғози барнома дар муҳити Gnome дошта бошед, тағирёбандаи муҳити SESSION_MANAGER-ро дар шеле, ки OpenOffice.org-ро оғоз мекунед 'unset' кунед. Барои ин сатри "unset SESSION_MANAGER"-ро дар аввали soffice shell дар равоқи "[office folder]/program" дохил кунед.

Ивазкунии ҳуруфоти интерфейси истифодабаранда

Дар OpenOffice.org шумо метавонед ҳуруфоти ба тарзи аслӣ барои намоиш ва чоп гузошташударо иваз кунед. Барои иваз кардан 'Асбобҳо - Параметрҳо - OpenOffice.org - Ҳуруфот'-ро истифода баред.

Барои ивазкунии ҳуруфоти OpenOffice.org дар интерфейс, шумо бояд "Palatino Linotype"-ро бо дигар ҳуруфот иваз кунед ва чашмаки "ҳамеша"-ро ливо гузоред.

Ба кӯмаки OpenOffice.org барои маълумоти муфассал нигаред.

Зудрасҳо

Танҳо зудрасҳои дар системаи оператсионӣ истифоданашуда дар OpenOffice.org истифода шуданашон мумкин аст. Агар комбинатсияи зудрас дар OpenOffice.org кор накунад, санҷед, ки он дар системаи оператсионӣ дар истифода аст. Барои ҳалли ин масъала шумо метавонед зудраси системаи оператсиониро иваз кунед. Барои маълумоти иловагӣ ба кӯмаки OpenOffice.org ва ҳуҷҷатгузории системаи оперативиатон муроҷиат кунед.

Қулфкунии дафтарҳо

Дар намуди аслӣ дар OpenOffice.org қулфкунии дафтарҳо фаъол аст. Барои аз фаъолият боздоштани қулфкунӣ тағирёбандаҳои муҳити SAL_ENABLE_FILE_LOCKING=0 ва export SAL_ENABLE_FILE_LOCKING-ро иваз кунед. Ин ҷӯрсозиҳо аллакай дар дафтари soffice script мавҷуданд.

Огоҳӣ: Фаъолкунии қулфкунии дафтарҳо дар Solaris 2.5.1 ва 2.7, ки системаи дафтарии Linux NFS 2.0 истифода кардаанд ба мушкилӣ рӯ мезанад. Агар системаи шумо ин ҷӯрсозиҳоро дошта бошад ба шумо истифодаи қулфкунӣ тавсия карда намешавад, дар акси ҳол ҳангоми кушодани дафтаре аз NFS аз компютери Linux OpenOffice.org аз кор бозмемонад.

Коди ибтидоии Истифодашуда / Ивазшуда

Portions Copyright 1998, 1999 James Clark. Portions Copyright 1996, 1998 Netscape Communications Corporation.

Иштирок

Ҷомеаи OpenOffice.org аз иштироки шумо баҳравар мешавад барои такмилдиҳии барномаи коди кушод.

Ҳамчун истифодабар шумо аллакай як ҷузъи арзандаи ҷараёни барномасозӣ мебошед. Мо аз шумо хоҳиш менамоем, ки аъзои фаъоли ҷомеаи OpenOffice.org бошед. Марҳамат аъзо шавед дар: www.openoffice.org

Бақайдгирӣ

Бақайд гирифтан ҳангоми васлкунии маҳсулот вақти камро ишғол мекунад . Бақайдгирӣ хоҳиши мебошад вале мо ба шумо тавсия менамоем. Ҷомеаи OpenOffice.org барои ҳифзи далелҳои шахсии шумо ҳама чораҳоро меандешад. Агар шумо дар вақти васлкунӣ ба қайд надаромада бошед, метавонед баъад ин корро кунедhttp://www.openoffice.org/welcome/registration20.html

Пурсиши истифодабаранда

Пурсиши истифодабаранда ба OpenOffice.org кӯмак мекунад, ки тезтар барои иҷрокунии стандартҳои нав барои барномаи насли нав хизмат кунад. Ҷомеаи OpenOffice.org барои ҳифзи далелҳои шахсии шумо ҳама чораҳоро меандешад.

Хабардиҳии хатогиҳо ва масъалаҳо

Веб саҳифаи OpenOffice.org IssueZilla, яъне механизми хабардиҳӣ ва ҳалли хатогиҳо ва масъалаҳо дорад. Мо аз истифодабарандагон хоҳиш менамоед, ки фаъолона иштирок намуда хатогии рухдодаро дар муҳити истифодабариашон хабар диҳанд.

Обунашавӣ

Дар ин ҷой баъзе аз варақаҳои иттилоотӣ оварда шудаанд. Шумо метавонед ба онҳо аъзо шавед:www.openoffice.org/mail_list.html

Аъзошавӣ ба як ё якчанд барнома

Шумо метавонед барои пешбурди барномаҳои коди кушод саҳмгузор бошед, ҳатто агар шумо дониш ва малакаи кофии барномапардозӣ надошта бошед. Бале, ШУМО!

Дарhttp://projects.openoffice.org/index.htmlшумо барномаҳои Localization, Porting ва Groupware ва дигар барномаҳои кодпардозиро пайдо карда метавонед. Агар шумо барномасоз нестед, онгоҳ Documentation ё Marketing Project-ро интихоб кунед. Барномаи Marketing-и OpenOffice.org барои бозоргир кардани OpenOffice.org сафрбар шудааст, Шумо метавонед ақалан бо хабардор кардани рафиқонатон кӯмак кунед.

Ба барномаи Marketing Communications & Information Network дар ин ҷой обуна шавед: http://marketing.openoffice.org/contacts.html ки дар он шумо суроғаро барои пресса, медиа, ташкилотҳои давлатӣ, консултантҳо, мактабҳо, Linux Users Groups ва ҷомеаи маҳаллӣ гузошта метавонед.

Дастгирии истифодабар

Барои кӯмак оиди OpenOffice.org 2.0 ба хазинаи 'users@openoffice.org' нигаред барои пайдо кардани ҷавоб ба саволи аллакай додашуда дарwww.openoffice.org/mail_list.html. Ҳамчунин шумо метавонед саволҳои худро ба users@openoffice.org ирсол доред. Дар хотир доред, ки барои ҷавоб гирифтан шумо бояд аъзои ин варақаи иттилоотӣ бошед.

Ҳамчунин FAQ-ро бинед дарhttp://user-faq.openoffice.org/.

Чӣ гуна бояд оғоз кард

Роҳи беҳтарин обуна шудан ба як ё якчанд варақаҳои иттилоотӣ, азназаргузаронии хазинаи ахбори OpenOffice.org мебошад, зеро коди OpenOffice.org дар Октябри 2000 паҳн шуда буд. Вақте, ки дониши худро мукаммал ҳис мекунед, нома навишта худро муаррифӣ кунед. Агар шумо бо барномаи Open Source шинос бошед, To-Dos-ро хабар гиред ва бинед, ки шумо чӣ корро анҷом дода метавонедhttp://development.openoffice.org/todo.html.

Итминон дорем шумо аз истифодаи OpenOffice.org 2.0 хушҳол ҳастед ва хоҳони дидани шумо дар ҷомеа ҳастем.

Ҷамъияти OpenOffice.org